МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Имрӯз, 24 октябри соли 2025 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, муовини Раиси Суди Олӣ Тағозода Абдуқаҳҳор Саидмурод, раиси суди вилояти Суғд Рушанзода Суҳроб ва намояндагони дигар мақомоти судӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни маҷлис масъулин аз нақши муассири суд дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таҳкими адолати иҷтимоӣ сухан ронданд. Зикр гардид, ки мақомоти судӣ ҳамчун нигоҳи боэътимод ва сутуни давлатдорӣ, дар барқарор ва нигоҳ доштани сиёсати ҳуқуқбунёди кишвар ва пойдории амнияти ҷамъиятӣ нақши калидӣ дорад.

Ҳамзамон дар суханрониҳо ба зарурати баланд бардоштани савияи касбӣ, риояи одоби маҷлисӣ, шаффофият дар баррасии парвандаҳо ва такмили фарҳанги ҳуқуқӣ таъкид карда шуд. Зимнан, ба як қатор кормандони фаъоли мақомоти судӣ барои хизматҳои содиқона, иҷрои намунавии вазифа ва саҳми арзанда дар пешбурди фаъолияти судӣ ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо супорида шуданд.

Дар фарҷом иштирокчиён ҷонибдории худро аз сиёсати ҳуқуқбунёди Пешвои миллат ва ҳадафи устувори давлат дар роҳи таҳкими адолат, созандагӣ ва ояндаи амн изҳор доштанд.

Адолат – ойинаи давлат аст. Судя ва корманди судӣ он касонанд, ки ин ойинаро бо дастони пок, бо виҷдони бедор ва бо садоқат ба халқу Ватан рӯшан нигоҳ медоранд.