Президент-ҳомии кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Президент-ҳомии кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Таърихи гузаштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як марҳилаи буҳрони сиёсӣ ва муқовимати дохилиро паси сар намуд чунин вонамуд мегардид, ки давлат дар марҳилаи таъсисёбии худ ба вартаи несту нобудшавӣ расидааст, аммо тақдири миллат ба дасти иддае аз хоинон ва ватанфурўшон вобаста набуда, дар муқобил ба хоинон нафароне ҳастанд, ки аз рўзи таваллуд то дами марг умри худро барои ободу бунёд намудани ватани хеш бахшидаанд, ки ҳастии онҳо ҳамеша барои бе осеб ва безарар нигоҳ доштани давлату миллат равона карда шудааст.
Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин як марҳилаи пурраи таъсисёбии давлат, расидан ба ормонҳои ҳазорсолаи худ ба ҳисоб рафта, бунёди ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, ки қабули он моро барои ташкили давлати соҳибихтиёр ва субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ мушарраф намуд.
Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид на ин ки давлату миллатро аз роҳи нестшавӣ наҷот дод, балки он тавонист ба рўи сиёсат шахсиятҳоеро биёрад, ки вуҷуди он барои ҳимояи ватан, таъмини сулҳу субот дар давлат ва шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озода барои шаҳрвандонаш сафарбар гардидааст ва ин буд, ки санаи 19-уми ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи мазкур масъалаи интихоби Сарвари давлат пеш гузошта, Эмомалӣ Раҳмон аз байни вакилони ҳузурдошта бо боварии мардуму вакилони халқ Сарварии давлати тоҷиконро ба зиммаи худ гирифт ва расман раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Маҳз дар чунин вазъияти ноороми мамлакат, ки ҳанўз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ хомўш ва оташи ҷанг аланга мезад Эмомалӣ Раҳмон масъулияти давлату миллатро ба зиммаи худ гирифта, кафили соҳибистиқлолӣ ва оромии мардуми тоҷик гардид. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар ин интихоби Сарвари давлат бошад, пас бузургтарин неъмати Худованд ба мардуми тоҷик ин интихоб шудан ва ба суи ҳокимияти сиёсӣ омадани чунин шахси арзанда ба ҳисоб меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали Сарвари давлат интихоб гардиданаш дарк менамуд, ки аз иҷроиши қарорҳои Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини волоияти қонун, пойдории қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, фаъолияти пурсамари сохторҳои давлатӣ вобастагии калон дорад.
Эмомалӣ Рамон масъулиятро барои имрўзи ояндаи Ватан бар дўши худ гирифта, бо мароми беандоза ва аз самими қалб дар назди ватану миллат ва Халқи Тоҷикистон бо тантана қасам хўрд, ки моҳияти асосии қасами ёдкардаи Сарвари давлат аз таъмини сулҳу ягонагӣ дар давлат, баргардонидани гурезагон ба Ватани худ, ҳимояи арзишҳои миллии хеш, бунёди ҷомеаи адолатпарвару ҳуқуқӣ, низоми ягонагии таъмини қонуният иборат буд, ки дар натиҷаи ҷонбозиҳо ва муборизаҳои беандозаи ин шахси олӣ мақсадҳои зикршуда як ба як ноил гаштанд ва имрўз Тоҷикистон дар зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат худро дар асоси Конститутсияи соҳибистиқлоли хеш ҳамчун Ҷумҳурии мустақил, соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълон намуда, ҳадафи асосии худро бунёди ҷомеаи адолатпарвар эълон дошт.
Нақши Президент дар бунёди эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ муҳим буда, ў ҳамчун шахси олии давлат, пешсафи миллат сиёсати худро аз рузҳои аввали ба сари қудрат омадан ба таъмини оромӣ ва ягонагӣ бахшида, тавонист дар як муддати кутоҳ Тоҷикистонро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ бароварда, истиқрори сулҳро таъмин намояд. Президент манфиати миллат ва давлатро болотар аз манфиати шахсии худ гузошта, тамоми қувва ва дониши худро барои ободии ватану миллат сарф намуд.
Ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба мансаби олии давлатӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи садоқат ба ватан, Президент ва миллат, 16-уми ноябр ҳамчун таҷлили рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ба хотири эҳтиром ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат ва ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ў бахшида шуда, ҳамчун рамзи сипос ва арҷ ба Пешвои миллат бахшида шудааст.
Волоияти мансаби Президент боз дар он ифода мегардад, ки дар қонуни асосии давлат-Конститутсия боби алоҳида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ки дар асоси он Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, он кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, соҳибистиқлолӣ ва ягонагии давлат дарҷ гардида, танҳо ў ҳуқуқ дорад ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханварӣ намуда, Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ кунад.
Сиёсати давлат, пешрафти ватану миллат, таъмини ваҳдату ягонагӣ ва назму субот дар кишвар аз фаъолияти пурсамари Сарвари давлат вобастагӣ дорад, ки Конститутсия Президентро ҳамчун намояндаи олии халқ дар давлат муаррифӣ намуда, пешбинӣ намудааст, ки Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо роҳи интихоботи умумӣ мустақим ва бевосита интихоб мегардад.
Аҳамияти таърихии таҷлил гардидан ва пешбинӣ гаридани ҷашни Президент аз натиҷаи ҷонбозиҳои Сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу суботи давлат,бартараф намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба сўи ҳадафҳои созандаву бунёдкорона расонидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки маҳз тавассути ҳамин шахс мардум ва давлати Тоҷикистон тавонист даст ба сулҳ ёфта, Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро бунёд намуда, дар давлат арзишҳои навини ҷомеаи демократиро ба монанди таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсӣ, иқтисоди озод ва гуногуншаклии моликият, ки дар он таъмини фаъолияти озоди соҳибкорӣ кафолат дода мешавад, таъмин намояд.
Заҳмату муборизаҳои Сарвари давлатро дар беруни аз мамлакат ба назар гирифта, Президенти Ҷумҳурии мардумии халқии Чин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати Тоҷикистон дар рўзи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст: «Дар 25-соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии қатъии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва беҳбуди некуаҳволии мардумро ба даст оварда, роҳи муваффақонаи тараққиётро пайдо кард, ки он бо вижагиҳои миллии кишвари худ мувофиқ буда, ҷониби Чин ба он баҳои баланд медиҳад».
Дарвоқеъ имруз барои халқи тоҷик мояи ифтихор ва сарфарозист, ки зери сиёсати бунёдкорона ва сулҳпарваронаи Президенти кишвар, Сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёт ба сар бурда, дар бунёди давлати соҳибистиқлоли худ фаъолона ширкат меварзад ва арзу сипос ва арҷи беандоза ба он модаре, ки чунин фарзанди фарзонаи миллатро ба дунё оварда, барои адои хизмати содиқона ва софдилона барои давлат-ватани хеш Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуд.
Анварзода Алишер Анвар-судяи суди ноҳияи Ашт
Нодирзода Нозимҷон Мансур-судяи суди шаҳри Панҷакент
Суди шаҳри Панҷакент 
