Авбошӣ – дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

Авбошӣ – дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ

Судшаванда Э.Э. санаи 24 июли соли 2025, тахминан соати 20:30 дақиқа дар майдончаи варзишии воқеъ дар шахри Панҷакент, қарор дошта, бе ягон асос ва сабаби кофӣ, аз ҳиссиёти баланди авбошӣ бо ҳамдеҳааш Ё. баҳсу муноқиша карда, номбурдаро дашномҳои қабеҳ дода, манфиатҳои ҷамъиятиро ба эътибор нагирифта, оромии атрофиён ва рафти муътадили бозии бозингарони футболро халалдор сохта, нисбат ба ҷамъият беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ба Ё. дарафтода, ўро ба замин афтонида, бо дастонаш ба сару руй ва аъзоёни баданаш зада, мавриди лату куб қарор дода, ҷароҳатҳои ба саломатӣ сабук расонида, тартиботи ҷамъиятиро тахминан 5 дақиқа дағалона вайрон намудааст.

Суд кирдори судшаванда Э.Э.-ро бо моддаи 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зўроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ муқаррар мекунад, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Э.Э. бо моддаи 237 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.