Парчам рамзи муқаддасӣ давлати соҳибихтиёр

Парчам рамзи муқаддасӣ давлати соҳибихтиёр

Бояд қайд намуд, ки дар асоси моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон зикр намудаанд, ки Парчами давлатӣ рамзи муқаддаси соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ, ифодагари орзуву ормони миллӣ ва арзишҳои олии тамаддуни халқи тоҷик мебошад.

Қабули парчами давлатӣ дар давраи ниҳоят ҳассоси таърихи истиқлолияти давлатӣ ба мардуми кишавар тавону қувваи тоза бахшид ва онро муттаҳид сохт ва маҳз таҳти парафшонии парчами давлатӣ сохти конститутсионӣ барқарор ва сулҳу оромӣ дар кишвар таъмин гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва пас аз ин мебоист, парчами миллии худро тасдиқ намояд. Ҳамин тариқ 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.

Танзими ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 майи соли 2007 ва Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баамал бароварда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид намудаанд, “Бигзор, Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар гардонида, асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парфишонӣ намояд”. Имрўз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи неруву тавонмардӣ дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва сармояи ѓуруру ифтихори миллӣ мебошад.

Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва руҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Парчами миллӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободинию созандагии ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносию худогоҳии онҳоро тақвият мебахшад.

Бо ин васила метавон гуфт, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи анъанаи куҳани ливодории ниёгонамон ба ҳисоб меравад ва он дар рангҳои худ, ормону орзуи поку беолоиши мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Парафшонии парчам дар миқёси ҷаҳонӣ аз минбарҳои бонуфузи сиёсию фарҳангӣ ва варзишию сайёҳӣ боиси шаъну шараф ва сарфарозии мардуми шарифи тоҷик мебошад.

Судяи Суди шаҳри Панҷакент                                                                               Муҳиддинзода Б.