Ҷазо барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда

Ҷазо барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда

Судшаванда Қ.Д. бархилофи талаботи моддаҳои 2, 18, 22 ва 29 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад, то ҳудуди қитъаи заминро муқаррар намудани мақомоти дахлдори танзими замин ва додани ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ менамоянд, ба истифодаи қитъаи замин шурўъ намудан манъ аст, қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ ҳангоми зарурат барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ танҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дода мешавад, амал намуда, ба қарор омадааст, ки қитъаи замини таъиноташ чарогоҳро худсарона ишғол намуда, дар ин замин сохтмони худсаронаи манзили истиқоматӣ ба духтараш Қ.Ю. анҷом диҳад.

Барои ин, ў моҳи сентябри соли 2024 аз ҳисоби заминҳои чарогоҳи роҳи чорвогузари Раёсати кишоварзии шаҳр, ки мувофиқи харитаи заминистифодабарии собиқ ширкати кишоварзии ба номи “Р” дар тарҳи №23 ҷойгир мебошад, худсарона ба масоҳати 0,06 га ишғол намудааст.

Сипас, бидуни ягон ҳуҷҷат ва иҷозати шахсони ваколатдор моҳи сентябри соли 2024 ба сохтмон шурўъ намуда, бо истифодаи масолеҳи сохтмони санг, қум ва шағал худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғол кардааш дар масоҳати 240,0 метри мураббаъ манзили истиқомати иборат аз 3 ҳуҷра бунёд намуда, айниҳол дар он духтараш Қ.Ю. бо ҳамроҳи аҳлу оилааш зиндагони намуда истодааст.

Суд кирдори судшаванда Қ.Д.-ро бо моддаи  338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ пешбинӣ менамояд, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Қ.Д. бо моддаи 338 қ.2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.