Ба фаъолияти мусофиркашонӣ бе иҷозатнома машғул шудан
Ба фаъолияти мусофиркашонӣ бе иҷозатнома машғул шудан
Дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Панҷакент парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Х.Ҳ. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода маълум намуд, ки Х.Ҳ. санаи 28.11.2025 сол соати 14:10 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» дар роҳи мошингарди Панҷакент бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ»-ро, ки мувофиқи он барои амали намудани фаъолияти мусофиркашонӣ иҷозатнома зарур аст вайрон намудааст, ки нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмури тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Нисбати ҳуқуқвайронкунанда Х.Ҳ. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.
Суди шаҳри Панҷакент 
