Ғайриқонунӣ гирифтани подош

Ғайриқонунӣ гирифтани подош

Ҳуқуқвайронкунанда А.Н. санаи 21.12.2025 сол соати 10:25 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «SSang Yong Musso TD» дар роҳи автомобилгарди ш.Панҷакент барои санҷиши ҳуҷҷатҳояш боздошт намуда муайян намудааст, ки ронандаи воситаи нақлиёти зикршуда, оташхомӯшкунак ва қуттии ёрии аввалини тиббӣ дар воситаи нақлиёташ надорад. Новобаста аз ин ҳолат бо дастрасии моддаи 333 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ накарда, аз фурсати муносиб истифода карда, бо мақсади минбаъд аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намудани ронанда дидаю дониста аз ӯ маблағи 70 сомонӣ ба сифати подош талаб карда гирифта, ронандаи воситаи нақлиёти зикршударо аз ҷавобгарии маъмурӣ ғайриқонунӣ озод намудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда А.Н.-ро бо моддаи 656 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби шахсони мансабдор вобаста ба фаъолияти худ аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки шахси мазкур дар онҳо вазифаҳои муайянро иҷро намекунад, инчунин аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ба тариқи пул, хизматрасонӣ ва роҳҳои дигар гирифтани ҳар навъ подоши иловагӣ, ба шарте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.Н. дар доираи раводиди моддаи 656 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.