ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НУҲМОҲА

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НУҲМОҲА

Имрӯз 07.10.2022 сол дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳри Панҷакент дар нуҳ моҳи соли 2022 дар ҷаласаи фаъолони шаҳр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода оғоз шуд.

Дар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ ва муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо сухан гуфтанд.

Дар анҷоми ҷаласа раиси Суди шаҳри Панҷакент Диловар Мирзоҳомидзода барои саҳмгузорӣ дар рушд ва таҳкими ҳокимияти судӣ, ҳамкории судманд бо мақомоти судии шаҳр, муосидат барои беҳдошти шароити кор дар суди шаҳр ба раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода “Сипоснома”-и Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорид.