Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ 

Имрӯз 26 октябри соли 2021 дар Суди шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси Суд, муовини Раиси Суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти судӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро Раиси суди шаҳри Панҷакент муҳтарам Мирзоҳомидзода Д. оғоз намуда кормандонро ба муносибати таҷлили иди касбии кормандони мақомоти судӣ муборакбод намуда, вобаста ба таърихи таҷлили рузи кормандони мақомоти судӣ ва аҳамияти таърихии ин сана ҳамчунин доир ба пайдоиш ва ташаккули ҳокитмияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд.

Ҳокимияти судӣ – шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Бо қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи ҳокимияти судиро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муқарар менамояд, амалан раванди ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар кишвар шуруъ ёфт ва бо таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ муқарар гардид. Бо мақсади сари вақт таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва дар амал татбиқ намудани талаботи Конститутсияи оид ба таҳкими рукни судии ҳокимияти давлатӣ, бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1995 якчанд Қонунҳои конститутсионӣ, аз ҷумла “Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи сохтори судҳо” ва дигарҳо, ки тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти судии кишварро таҳти танзим ва таҳияи онҳоро худи Конститутсия пешбинӣ карда буд, қабул гардиданд, ки нақши ҳокимияти судиро дар ҷомеаи навин баланд бардошт. Баъдан бобати танзими яксони фаъолияти мақомоти судӣ Қонунҳои мазкур такмил дода шуда бо як Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” муттаҳид карда шуданд.

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба судҳо дар симои судяҳо ва машваратчиёни халқӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои ба амал баровардани адолати судӣ ҷалб шудаанд, тааллуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шахсон ҳуқуқи ба зиммаи худ гирифтани адолати судиро надоранд.

Судяҳо дар фаъолияти худ мустакил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Баланд бардоштани ҳокимияти судӣ пеш аз ҳама, аз дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи кунуни манша гирифта судҳоро вазифадор мекунад, ки бо дилу нияти пок, хизмати содиқона ба халқ, саҳм гузоштан дар ободию шукуфоии сарзамин, пеш аз ҳама баҳри бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати навини тоҷикон, ривоҷи демократия ва пойдорию устувории ватани соҳибистиқлол саъйу кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дар фарҷоми сухан раиси Суди шаҳри Панҷакент кормандони дастгоҳи судро барои арҷгузорӣ ва эҳтироми муқаддасоти миллию давлатӣ, саҳми назаррас дар таъмини адолати судӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва бахшида ба Рўзи кормандони мақомоти судӣ, бо сипосномаи Суди шаҳри Панҷакент сарфароз гардонид.

 Ид  муборак!