Ҷавобгарии маъмурӣ барои аз ҷониби кормандони ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд
Ҷавобгарии маъмурӣ
барои аз ҷониби кормандони ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд
Ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.Х. ҳамчун назоратчии КДФ “ХМК”-и ш.Панҷакент фаъолият намуда, бархилофи талаботи Фармони Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №586 аз 22.06.2023 сол “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббарорбаркунии ғайринақдӣ” ва дигар қонунгузории ҷорӣ амал намуда, санаи 23.01.2026 сол аз шаҳрвандон маблағи хизматрасонии комуналиро ба андозаи 300 сомонӣ, ки таъиноти он барои ба таври ғайринақлӣ пардохт намудани маблағи хизматрасонии тиббӣ пешбини шудааст, тариқи нақдӣ гирифта онро тавассути корти пластикиаш ба суратҳисоби махсуси махсус пардохт намудааст. Бинобар ин нисбати ӯ бо моддаи 541 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.Х.-ро бо моддаи 541 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъиноти он ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, инчунин аз ҷониби онҳо истифодаи кортҳо ва воситаҳои дигари электронии шахсии пардохт бо ин мақсад пешбини менамояд, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.
Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.Х. дар доираи раводиди моддаи 541 иловаи 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.
.
Суди шаҳри Панҷакент 
