Ҷазо барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда
Ҷазо барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда
Судшаванда М. дидаву дониста, ки мувофиқи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дода мешаванд, бар хилофи талаботи қонунгузорӣ амал намуда, ҷинояти худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсаронаро дар ҳолатҳои зерин содир намудааст.
Чунончӣ, ӯ бархилофи талаботи моддаҳои 2, 18, 22 ва 29 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад, то ҳудуди қитъаи заминро муқаррар намудани мақомоти дахлдори танзими замин ва додани ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ менамоянд, ба истифодаи қитъаи замин шуруъ намудан манъ аст, қитъаҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ аз ҷониби маҳомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва заминҳои таъиноти кишоварзӣ ҳангоми зарурат барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ танҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, амал намуда, ба қарор омадааст, ки китъаи замини кишоварзиро худсарона ишғол намуда, дар ин замин худсарона сохтмонро анҷом диҳад.
Барои ин, ӯ моҳи июни соли 2025 китъаи замини кишоварзии намуди корами обии хоҷагии деҳконии «Э»-и Ҷамоати дехоти Косатарош, ки мувофиқи харитаи заминистифодабарии собиқ ширкати кишоварзии ба номи «А.Т.» дар қисми тархи 648 ҷойгир аст, бидуни ягон ҳуҷҷати тасдиккунанда, майдони 190 метри мураббаъ қитъаи заминро худсарона ишғол намуда, бидуни ягон ҳуҷҷат ва иҷозати шахсони ваколатдор моҳи июни соли 2025 ба сохтмон шуруъ намуда, бо истифодаи масолеҳи сохтмонӣ санг, қум ва шағал дар қитъаи замини худсарона ишғол кардааш дар масоҳати 190 метри мураббаъ таҳкурсии манзили истиқоматӣ ва бинои ёрирасон бунёд намуда, бо ин амалҳои ғайриқонуниаш ба манфиати давлат зарар расонидааст.
Суд кирдори судшаванда М.-ро бо моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ пешбинӣ менамояд, банду баст менамояд.
Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд М. бо моддаи 338 қ.2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 
