Ба фаъолияти мусофиркашонӣ бе иҷозатнома машғул шудан 

Ба фаъолияти мусофиркашонӣ бе иҷозатнома машғул шудан 

Дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Панҷакент парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати И.М. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода маълум намуд, ки И.М. санаи 15.01.2026 сол соати 11:08 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «Мерседес — Бенс» рақами қайди давлатиаш 5813 WD 02 дар роҳи мошингарди Панҷакент бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ»-ро, ки мувофиқи он барои амали намудани фаъолияти мусофиркашонӣ иҷозатнома зарур аст вайрон намудааст, ки нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмури тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Нисбати ҳуқуқвайронкунанда И.М. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.