Баргузории чорабинӣ бахшида Рӯзи Парчами давлатӣ
Имрӯз 21.11.2025 сол дар бинои Суди шаҳри Панҷакент маҷлиси тантанивӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент семинари илмӣ – амалӣ баргузор шуд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар суханрониҳо раиси суди шаҳр Юнусзода Р.П, муовини раиси суд Обидиён Ш.А., судя Муҳиддинзода Б.Ҳ., ва котиби маҷлиси суди Файзуллоева С. аҳамияти бузурги Парчами давлатӣ, таърихи қабул ва маънои рангҳои Парчами давлатӣ ва аҳамияти муқаддасоти миллии Тоҷикистон ба таври муфассал матраҳ карда шуд.
Дар маърӯзаҳо аз ҷумла, зикр шуд, ки Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа маҳсуб меёбад.
Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд.
Суди шаҳри Панҷакент 







