Баромад дар пахши мустақими радиои маҳаллии ш.Панҷакент “САДО ва СИМО”

Баромад дар пахши мустақими радиои маҳаллии ш.Панҷакент “САДО ва СИМО”

Имрӯз 06.04.2023 сол бо ҷалби судяҳои Суди шаҳри Панҷакент Мирзозода М.Ҳ. ва Муҳиддинзода Б.Ҳ. баҳри иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳо оиди татбиқи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” тавассути радиои маҳаллии ш.Панҷакент “САДО ва СИМО” баромад дар пахши мустақим бо аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент баргузор гардид.

Аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент тавассути телефони радио саволҳои худро оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки аз муносибатҳои хусусияти гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар самтҳоро дар бар мегиранд пешниҳод намуданд, ки доир ба саволҳои онҳо ҷавобҳои муфиду мушаххас гардонида шуд.

Ҳамзамон тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқи дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқӣ дар мавзӯҳои дахлдори ҳуқуқӣ, аз ҷумла афзалият додан ба чорабиниҳо дар самти пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни аҳолӣ, хусусан байни ноболиғон ва ҷавонон, баланд бардоштани самти ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо, бахусус дар соҳаи муқовимат ба экстремизм, терроризм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ, ки хусусияти фаромиллӣ касб кардаанд амалӣ карда шуданд.