Дар ҳолати мастӣ бе ҳуқуқи ронадагӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Дар ҳолати мастӣ бе ҳуқуқи ронадагӣ идора намудани воситаи нақлиёт

Ҳуқуқвайронкунанда Н.Ш. санаи 07.05.2021 сол соати 17:17 дақиқа бо воситаи автомашинаи тамғаи «Тойота – Королла» рақами қайди давлатиаш 4280 КА 02-ро дар роҳи автомобилгарди ш.Панҷакент бе   ҳуқуқи ронадагӣ дар ҳолати мастӣ идора намудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби нозири ХРД ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент боздошт гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Н.Ш.-ро бо моддаи 337 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора кардани воситаи нақлиёт аз тарафи шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад ва дар ҳолати мастӣ қарор дорад пешбини мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Н.Ш. дар доираи раводиди моддаи 337 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.