Г И Р И Ф Т А Н И П О Р А
Г И Р И Ф Т А Н И П О Р А
Судшаванда Б. дар асоси фармоиш аз санаи 5 августи соли 2020 ба вазифаи роҳбари шабакаи шаҳри Панҷакент таъин гардида, дар давраи фаъолияти кориаш тахминан 30 июни соли 2025 ба назди ӯ Ш. омада, барои ба вазифа таъин намудани Р. ва М. хоҳиш менамояд.
Судшаванда Б., сӯиистифода аз ваколатҳои мансабии худ барои иҷрои амали муайян, яъне барои ба кор қабул намудани Р. ва М. ба маблағи 5000 сомонӣ барои ҳар кадоме, ҷамъ ба малағи 10000 сомонӣ талаб намудааст.
Аз баски Р. ва М. дар ягонҷо кор ва фаъолият надошта, имконияти додани маблағи пули талабнамудаи Б.-ро надоштанд, оид ба ҳолати мазкур ба Ш. иброз намудаанд. Сипас, Ш. аз рӯи дилсузӣ санаи 8 июли соли 2025, бо ариза ба прокуратураи шаҳри Панҷакент муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки нисбати амалҳои ғайриконунии роҳбари шабакаи шаҳри Панҷакент судшаванда Б., чораандешӣ карда шавад. Зеро, номбурда барои ба кор қабул намудани Р. ва М., ҳамчун пора ғайриконунӣ ба маблағи 10000 сомонӣ талаб намудааст.
Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ санаи 8 июли соли 2025 тахминан соати 15:30 дақиқа ҳангоми гирифтани маблағи 10000 сомонӣ ба сифати пора аз шаҳрванд Ш., судшаванда Б., дар утоқи кориаш дастгир гардида, маблағи 10000 сомонӣ, ҳамчун далели шайъӣ, 20 адад купюраҳои 500 сомона аз ӯ ёфта гирифта шудааст.
Суд кирдори судшаванда Б.-ро бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби шахси мансабдор шахсан гирифтани пора дар намуди пул, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба ваколати хизматии шахси мансабдор дохил бошад пешбинӣ менамояд, банду баст менамояд.
Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Б. бо моддаи 319 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 
