Интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз он

Интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз он

Ҳуқуқвайронкунанда Б.Н. бо воситаи нақлиёти тамғаи «DAMAS» таҳти идораи Р.С. дар ҳудуди ш.Панҷакент бо 35 адад тағораҳои тунукагии истеҳсоли Ҷумҳурии Узбекситонробо мақсади ба муомилот баровардан бидуни назорати гумруки аз Ҷумҳурии Узбекситон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст, ки дар натиҷа аз тарафи корманди гумруки Панҷакент боздошт гардида дар ин хусус нисбаташ бо моддаи 577 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Б.Н.-ро бо моддаи 577 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои ҷавобгарии маъмуриро барои интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ ё пинҳонӣ аз он, ҳангоми набудани аломати ҷиноят банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Б.Н. дар доираи раводиди моддаи 577 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима бо мусодираи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.