Иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардидааст
Иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардидааст
С.Ғ. тахминан соли 2019 дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия, шаҳри Санкт-Петербург қарор дошта, дар он ҷой дар телефони мобилиаш тамғаи “Тесnо” сомонаҳои иҷтимоии “Инстаграм”, “Ютуб”, барномаи интернетии “Вотсап”, “ИМО”, “Месенҷер”, “Телеграмм” бо номи “Саҳифаи Ахлоқ” ва аккаунти “Aqlu Khirad” пайваст ва ба расмият дароварда, дар ин сомонаҳо номи худро тариқи мустаъори “Мусъаб” дарҷ намудааст. Номбурда дидаву дониста, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2014 равияи динии “Салафия” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардида, фаъолият, сомонаҳои интернетӣ ва адабиётҳояшон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, дар шабакаҳои интернетии умумиҷаҳонии “Ютуб”, “Инстаграмм”, “Вотсап”, “Месенҷер”, “Телеграмм” ва “Имо”, ба фаъолияти ифротии ин иттиҳоди экстремистӣ, бо истифода аз саҳифаи интернетии расмиаш бо номи “Саҳифаи Аллоҳ” ва аккаунти “Aqlu Khirad” то инҷониб мусоидат намудааст.
Ў аз соли 2019 то инҷониб бо истифода аз шабакаҳо ва барномаҳои муросилавии интернетии боло зикргардида тавассути саҳифаи интернетии расмиаш бо номи “Саҳифаи Ахлоқ” ва аккаунти “Aqlu Khirad” бо барномаҳои хусусияти ифротидоштаи иттиҳоди экстремистии “Салафия” ва “Ваҳобия” тамос карда, аз рўи баромадҳои маҷозии ғайриқонунии динии бо номҳои мустаъори “Муҳаммад Хоблос”, “Муфтий Менк”, “Мавлоно Муҷиб-ур-Раҳмони Ансорӣ” ва дигарон, таълим гирифта, бо аъзоёни фаъоли ин иттиҳодҳои экстремистиву террористӣ, робитаи наздик пайдо намуда, бо даъвати онҳо, ки мақсаду маромашон бо роҳи зўроварӣ барҳам додани давлатҳои сохти идоракуниашон демократӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина бунёд намудани давлати исломии “Хилофат” мебошад, ақидаҳои ифротиашонро омўхта, ҳамчун аъзо дар ин иттиҳодҳои ҷиноятӣ шомил шудааст. Номбурда бо мақсади дар фаъолияти ғайриқонунии иттиҳодҳои экстремистии “Салафия” ва “Ваҳобия” расман мусоидат намудан, дар мунозираҳои интернетии шакли ифротидошта фаъолона ширкат варзида, ақидаҳои ғайриқонунии аъзоёни ин иттиҳодҳоро ҷонибдорӣ намуда, тавассути саҳифаи интернетиаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабт, навиштаҷот ва баромадҳои хусусияти ифротидоштаро нашр ва паҳн намуда, ҳамзамон ақидаҳои ғайриқонунии ифротии хешро тариқи интернет иброз намудааст.
Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд С.Ғ. бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 
