Иштирок дар семинари ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ва нахустин семинар ба тариқи маҷозӣ бо Суди Олӣ

Иштирок дар семинари ҳармоҳаи судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ва нахустин семинар ба тариқи маҷозӣ бо Суди Олӣ

Санаи 27 феврали соли 2026 дар маҷлисгоҳи суди вилояти Суғд семинари омӯзишии соҳавӣ ва нахустин семинар ба тариқи маҷозӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Панҷакент фаъолона иштирок намуданд.

Дар семинари мазкур Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р., раиси суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П., муовинони раис ва судяҳои суди вилояти Суғд, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва судяҳои суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд, инчунин кормандони дастгоҳи суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Раиси суди вилояти Суғд Рушанзода С.Р. вобаста ба супоришҳои хаттии роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷиктсон баромад намуда, қайд кард, ки суди вилоят ва судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки Дастурамал ва дигар қарорҳои зикршударо пурра омӯхта барои ҳар чӣ зудтар ба “Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ” омода шуда, коргузориро тариқи электронӣ ба роҳ монда, ба коргузории қоғазии иловагӣ хотима бахшанд.

Дар идомаи семинари мазкур судяҳо ва кормандони дастгоҳ дар мавзӯҳои гуногун баромад намуданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидор, донишҳои ҳуқуқӣ ва такмили малакаҳои амалии судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ ташкил шуда, ба иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда ва беҳтарсозии хизматрасонии судӣ равона гардидааст.