Мурофиаи сайёри судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ

Мурофиаи сайёри судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ

Таҳти раисии муовини раиси суди шаҳри Панҷакент Пӯлодӣ Т.С. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ, дар Бозори марказии ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда А.Т. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 209 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда А.Т. санаи 31.03.2021 сол бар хилофи талаботи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” амал намуда, дар мағозаи хӯроквориаш маҳсулоти хӯроквории муҳлаташ гузаштаро, ки ба талаботи бехатари ҷавобгу набуда, истеъмоли маҳсулотҳо ба ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок буда ба фуруш баровардааст.

Тибқи хулосаи МНДСЭ дар ш.Панҷакент нӯшокиҳои спиртии мазкур ба саломатии инсон хатарнок ҳисобида шуда, истеъмоли онҳо иҷозат дода намешавад.