Оқибати бидуни сабабҳои узрнок муҳлати баррасии муроҷиатро гузаронидан

Оқибати бидуни сабабҳои узрнок муҳлати баррасии муроҷиатро гузаронидан

Прокуратураи шаҳри Панҷакент ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар фаъолияти КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Панҷакент муайян кардааст, ки Қ.Ф. аз санаи 10.01.2018 сол инҷониб дар вазифаи мутахассиси КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Панҷакент фаъолият намуда, бархилофи талаботи моддаи 18 қонуни мазкур баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон Ҳ.Р. ва О.Ш. оиди гирифтани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин таъмин накарда, аз натиҷаи санҷиш дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба таври хаттӣ хабар надода, бидуни сабабҳои узрнок муҳлати баррасии муроҷиатро гузаронидааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Қ.Ф.-ро бо моддаи 87 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бидуни сабабҳои узрнок риоя накардани тартибу муҳлати баррасии муроҷиатҳо, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Қ.Ф. дар доираи раводиди моддаи 87 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.