Оқибати рад намудани баррасии муроҷиат
Оқибати рад намудани баррасии муроҷиат
Прокуратураи шаҳри Панҷакент ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар фаъолияти Нозироти андоз дар ш.Панҷакент муайян кардааст, ки И.М. ҳамчун мутахассиси шуъбаи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ фаъолият намуда, муроҷиати роҳбари хоҷагии деҳқонии “Б.М” Р.М. аз санаи 22.12.2025 сол оиди бартараф намудани камбудиҳо дар санади муқоисавӣ оид ба пардохти андозҳо ба буҷет, бинобар бартараф нагардидани мушкилоташ хостааст, ки ба унвонии сандори Нозироти андоз дар ш.Панҷакент тариқи хаттӣ муроҷиат намояд, аммо охирон бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва уҳдадориҳои хизматиаш амал намуда, муроҷиати Р.М. –ро қабул накарда, бе ягон асоси қонунӣ баррасии онро рад намудааст.
Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда И.М.-ро бо моддаи 87 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бидуни сабабҳои узрнок риоя накардани тартибу муҳлати баррасии муроҷиатҳо, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда И.М. дар доираи раводиди моддаи 87 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 