Парчами давлатӣ ифодагари рамзи ҳаёти осоишта

Парчами давлатӣ ифодагари рамзи ҳаёти осоишта

   

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» навишта шудааст, ки парчам ин пӯпаки абрешимиест, ки ба нӯги байрақ мебастанд.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.

Рамзҳо хеле гуногунанд, мисли парчам, нишон, суруди миллӣ, вале парчам ҳамчун рамз таърихи хеле бою рангин ва қадимиро дорост. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат ончунон мавқеи худро устувор кардааст ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни парчам наметавон тасаввур намуд.

Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад.

24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Ҳамакнун вазъи хуқуқи тартиби омодасози андоза ва корбурди расмии парчамро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти №254 аз 12 майи соли 2007 муқарар мекунад ва ҳамчунин Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 11 декабри соли 1999 бо қарори №892 Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.                                                                      

Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнӣ- сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷи тансиқшуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудаанд. Мутобиқати бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол. Ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек. Ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, соли 2009 санадеро ба имзо расониданд, ки бар пояи он ҳамасола рӯзи 24-уми ноябр рӯзи парчами миллӣ таҷлил мешавад.

Дар асоси моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 24 ноябр Рӯзи Парҷами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну зебоии тоза бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони парчам» номгузорӣ намуданд.

Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад.

Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида мешавад. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.

12 октябри соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор партавафшонӣ мекунад. Яъне дар паи ин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида мешаванд, ки ин ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд.

Эҳтироми волои Парчам, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад

Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем ва бошад, ки ин парчам то абад пойдор бимонад.

Ёрдамчии раиси суд

Муҳайиниён И.Ҳ.