Риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома

Риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома

Ҷ.Р. санаи 19.04.2020 сол тахминан соати 10:11 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «Хундай – старекс» рақами қайди давлатиаш 9044 СО 02 дар роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талабот ва шартҳои иҷозатнома ё қоидаҳои иҷрои намуди муайяни фаъолиятро риоя накардааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.Р.-ро бо моддаи 511 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома пешбинӣ мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ҷ.Р. дар доираи раводиди моддаи 511 қ.1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.