Риояи танзим баракати зиндагӣ
Риояи танзим баракати зиндагӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ низоми давлатдориро танзиму таҳким бахшида, аз таҷрибаи ғанӣ, таърихию қадимии мардуми сарбаланди худ истифода бурда, фаъолиятро баҳри обод гардонидани ин сарзамин ва зиндагии орому осудаи мардум ба роҳ мондааст. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузорад. Расму ойин ва анъанаҳои неки гузаштагонро эҳтиром, ҳифз ва гиромӣ дошта, талош меварзанд то онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Анъана ва ҷашну маросими миллӣ ҳамчун аркони муҳими таърихию фарҳанги миллат ба ҳисоб меравад. Ҷаҳонишавӣ боиси омехташавии арзишҳои таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла, ҷашну маросими миллатҳо гардидааст ва дар ин масир халқҳои ҷаҳон талош менамоянд, ки ҷашну маросими миллии хешро дар шакли аслӣ ҳифз кунанд. Халқи тоҷик анъана ва ҷашну маросими аслии миллии худро ҳифз намуда, тақвият бахшида, дар замони соҳибистиқлолӣ бо асосҳои ҳуқуқию маъмурӣ мустаҳкам гардонид. Анъана ва ҷашну маросимҳои милли ҳамчун аркони муҳими фарҳанги иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Вале таи солҳои қаблӣ аз ҳад зиёд сермасраф гардидани ҷашну маъракаҳо ва анъанаҳои мардумӣ бори гарон ба сари мардуми Тоҷикистон овард. Бештари шаҳрвандон ҷашну маросимро бошукуҳ ба роҳ монда, ба исрофкорӣ, харҷи аз ҳад зиёди пулию молӣ роҳ медоданд, ки ин амали онҳо ба ҷуз худнамоӣ ва худро дар ҷомеа аз дигарон боло ҳисобидану баланд гузоштан дигар чизе набуд. Барои пешгирии чунин амалҳо зарурат пеш омад, ки дар мамлакат санади ҳуқуқие қабул карда шавад ва тамоми муносибатҳои соҳаро дар сатҳи қонун ба танзим дарорад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, №272 қабул карда шуд, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат мардумӣ буда, дар он манфиатҳои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба инобат гирифта шудааст. Ҳамзамон бо ба инобат гирифтани шароити зиндагониии шаҳрвандон зарурати аз нав қабули қонуни мазкур ба минён омад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июни соли 2024, № 2048 дар таҳрири нав қабул гардид, ки он тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қабулу дар амал татбиқ намудани қонунгузорӣ вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии шаҳрвандонро тақвият бахшида, бадин васила ҷиҳати таъмини зиндагии арзандаи шаҳрвандон пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Дастовардҳо ва натиҷаҳои амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти батанзимдарории ҷашну маросими шаҳрвандон дар чаҳорчӯбаи муайян хеле зиёд мебошанд. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҳоло ҳам ҳастанд шаҳрвандоне, ки талаботи қонуни мазкурро риоя намекунанд. Татбиқи самараноки Қонуни мазкур боло бурдани маълумотнокии шаҳрвандонро тақозо менамояд.
Аз таҷриба ва омори судӣ чунин бармеояд, ки шаҳрвандон аз сабаби маълумоти кофӣ надоштан оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бештар ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд. Читавре аз омори судӣ маълум гардид дар нимсолаи якуми соли 2025 11 адад ва дар ҳамин давраи соли 2026 14 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Яке аз мисолҳои равшан ин парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Мусоев Р. бо моддаи 481 қисми 5 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки талаботи қисми 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дағалона вайрон намуда, маъракаи ҳоҷиталбонро дар манзили зисташ бо иштироки меҳмонон ва омода намудани се намуд таом бо харҷи зиёд гузаронидааст. Дар асоси қарори суди ш.Панҷакент номбурда бо моддаи 481 қисми 5 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 23400 сосонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Асос ва заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ин дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал кардан ва таъмини волоияти қонун мебошад. Бо назардошти ин, тақозо мегардад, ки ҳар як нафар барои ҳимояи манфиатҳои қонунӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ дар амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз ҳар вақти дигар саҳмгузор бошад.
Дар ҷомеаи муосир яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ риояи танзим дар зиндагии ҳаррӯза ба шумор меравад. Танзим на танҳо маҳдудият ё қоида, балки василаи таъмини адолат, сарфакорӣ, тартибот ва баракати зиндагӣ мебошад. Ҳар қадар инсон ва ҷомеа ба танзим пойбанд бошад, ҳамон қадар зиндагӣ осуда ва устувор мегардад.
Танзим ба маънои нигоҳ доштани меъёр, ҳад ва тартиб дар ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ мебошад. Ин мафҳум ҳам ба зиндагии шахсӣ ва ҳам ҷамъият дахл дорад. Танзим инсонро ба андеша кардан, ҳисобу китоб намудан ва боақлона рафтор намудан водор месозад. Дар натиҷа, инсон аз зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва бесарусомонӣ дур шуда, ба роҳи оқилона қадам мегузорад.
Раиси Суди шаҳри Панҷакент Юнусзода Р.П.
Суди шаҳри Панҷакент 
