Шинонидани дарахтони мевадиҳанда
Шинонидани дарахтони мевадиҳанда
Имрӯз 24-уми феврали соли равон бо иштироки Раиси суд, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо мақсади ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр, ҳифз намудани табиати зебо, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф дар идомаи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва истифода аз рӯзҳои гарму офтобӣ дар боғи Суди шаҳри Панҷакент шинонидани дарахтони мевадиҳанда амалӣ карда шуд.
Барои шинонидани ниҳол вақти муайянро интихоб кардан низ нақши муҳим мебозад. Масалан, дар баҳор шинонидани ниҳол хело қулай аст, чун боғбон ҳам рафти афзоиши ниҳолро назорат мекунад ва ҳам эҳтимоли сармохӯрии ниҳол дар ин мавсим хеле паст аст.
Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ шуда истодааст. Барнома бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.
Таҳияи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» яке аз иқдоми муҳими мамлакат дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим арзёбӣ мегардад.
Суди шаҳри Панҷакент 




