Тасарруфи ниҳонии 5000 доллари ИМА

Тасарруфи ниҳонии 5000 доллари ИМА

 

Таҳти раисии судя Зоирзода М. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда С.М. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 244 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда С.М. санаи 20.06. соли 2020 оиди ҷои нигоҳдошти маблағҳои пулии ҳамсари бародараш С.С.- О.Ф., ки аслан дар суроғаи ш.Гулистон кўчаи Ҷавонӣ ҳамчун иҷоранишин истиқомат карда, муваққатан  дар ш.Панҷакент Ҷамоати деҳоти Рудакӣ, деҳаи Марғедар қарор дошт, маълумот пайдо карда, худи ҳамон рўз тахминан соати 14.00 дақиқа бо мақсади дуздии маблағҳои зикршуда, аз сумкаи дастии О.Ф. пинҳонӣ калиди дари даромади хонаи иҷоравиаш, воқеъ дар суроғаи зикршударо гирифта, пинҳонӣ ба ш.Гулистон омадааст. Баъдан, ў аз фурсати муносиб, яъне дар ш.Панҷакент қарор доштани ҳамсари бародараш ва дигар аъзоёни оилаи номбурда истифода бурда, бо роҳи кушодани дари даромад, ғайриқонунӣ ба хонаи мазкур ворид гардидааст. Сипас зулфини қулфи  сандуқи дохили хонаро шикаста, аз дохили он бо тариқи  ниҳонӣ 5000 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ маблағи 51537 сомону 50 дирамро тасарруф намуда, ба ҷабрдида зарари калони моддӣ расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Ў худи ҳамон рўз ба ҷои истиқоматии доимиаш баргашта, дар оянда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро давра ба давра барои манфиатҳои худ сарф кардааст.

Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.