УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ КӮДАК

УҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАРБИЯИ КӮДАК

Мувофиқи банди 12-и моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» волидон уҳдадоранд ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдакро манъ намоянд.

Фарзанди ҳуқуқвайронкунанда Д.Б. дар синфи 10 МТМУ №3-и шаҳри Панҷакент таҳсил намуда, аз бепарвоии падару модар истифода намуда, вақти худро самаранок истифода накарда, бо корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ машғул нагардида, ба марказҳои дилхушӣ рафта ба беҳудагардӣ машғул гардидааст..

Аз ин хотир бинобар вайрон кардани талаботҳои Қонуни мазкур нисбати Д.Б. бо сархати 2 қисми 2 моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Д.Б.-ро бо сархати 2 қисми 1 моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар пешгирӣ накардани амалҳои кўдак ба марказҳои дилхушӣ ва ё дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтан банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Д.Б. дар доираи раводиди сархати 2 қисми 1 моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин карда шуд.